Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Деваштич. Соҳибкоре бо маблағи 500 000 сомонӣ майдончаи варзишӣ бунёд кард

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Далёни Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич як майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

Маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ имрӯз, 29 март бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва сокинони ҷамоат доир шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати майдончаи варзишӣ 22Х43 буда, он дорои 200 ҷойи нишаст мебошад. Иншоот бо маблағи умумии 500 000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори деҳа Неъматулло Раҳматов бунёд гардидааст.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии худ иброз дошт, ки бунёди майдончаи варзишӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш амри саривақтӣ буда, туҳфаи арзанда барои сокинон аст. Гуфта шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гўшаву канори ҷумҳурии азизамон бунёдкориву созандагӣ ҷараён дорад.

Дар ноҳияи Деваштич низ ба истиқболи ин ҷашн бо фарогирии ҳамаи деҳаҳою маҳаллаҳои аҳолишин бунёди 300 иншооти гуногун ба нақша гифта шуда, корҳо дар иншооти ҷашнӣ идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Деваштич. Соҳибкоре бо маблағи 500 000 сомонӣ майдончаи варзишӣ бунёд кард