Хабарҳо
Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад - 22.07.2019 14:52
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 22.07.2019 14:57
Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад - 22.07.2019 10:52
Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд - 22.07.2019 08:28
Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид - 22.07.2019 08:26
Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" - 22.07.2019 08:22
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04

Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳам қувва меозмоянд

( 0 Овоз )

Имрӯз, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон-2019 оид ба футбол баргузор мегардад. Дар он чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 –«Истиқлол»-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- «Хуҷанд»-и Хуҷанд  бо ҳам қувва меозмоянд.

Тибқи иттиллои АМИТ Ховар мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб  ба роҳ монда шудааст, ки ҳафт маротиба онро КФ «Истиқлол» (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 ва 2018), як маротибагӣ «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва «Ҳосилот» -и Фархор (2017) ба даст овардаанд.

Барои Ҷоми олии Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» маротибаи сеюм бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ду бозии пешина истиқлолиҳо ба пирӯзӣ комёб гардиданд.

Вохӯрии имрӯзаро доварон Гулмуроди Саъдулло-довари ФИФА дар майдон, Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев ба ҳайси ёвари довари вохӯрӣ ва Насрулло Кабиров ба ҳайси довари эҳтиётӣ ҳакамӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳам қувва меозмоянд