Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Иштироки Раиси вилоят дар чорабинии наврӯзии сокинони маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дар маҳаллаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд Иди байналмилалии Наврӯз бо риояи қадимтарин анъанаҳои миллӣ таҷлил карда шуд. Аз ҷумла дар маҳаллаи Чорчароғи шаҳр сокинон деги суманак гузошта, суфраи наврӯзӣ боз намуданд, ки боиси хушҳолии пиру ҷавон гардид.

Дар тантанаҳои идонаи бошандагони маҳалла Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуда, сокинонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт. Зикр гардид, ки мардуми вилояти Суғд дар катори дигар сокинони кишвар Наврӯзро дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва худшиносиву арҷгузорӣ ба гузаштагони худ ҷашн гирифта истодаанд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Наврӯз як қатор амалҳои нек, аз қабили аёдати пирони рӯзгор, ятимони кул ва оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Муҳимтар аз ҳама сокинони шаҳру навоҳӣ дар ин рӯзҳои наврӯзӣ дар канори ҳам сарҷамъ гардида, суруру шодмонӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, сокинони маҳалла минбаъд низ барои ободиву сарсабзии маҳал, шаҳр ва мамлакат саҳми арзанда гузошта, ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки Раиси вилоят дар чорабинии наврӯзии сокинони маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд