Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

Иштироки Раиси вилоят дар тантанаҳои наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани маҳбуб ва риояи суннату анъанаҳои наврӯзӣ ҷашни бостониро барои ҳамдигар табрик гуфта, сари суфраҳои наврӯзӣ барои пойдории сулҳу субот дасти дуо бардоштанд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мастчоҳ низ ин ҷашни куҳанро дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳаматарафа таҷлил намуданд ва Наврӯз ба мардуми ноҳия руҳияи тоза ато намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар тантанаҳои идонаи сокинони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ иштирок намуда, аз хаймаву растаҳои наврӯзӣ боздид кард ва ба ҳунари бонувони ноҳия ва пазандагони моҳир баҳои баланд дод.

Раиси вилоят инчунин бо пирони рӯзгор ва кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, суҳбат орост. Таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумат ба қишри ниёзманд, махсусан кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри тарбияи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Сипас, аз ҷониби Раиси вилоят ба 10 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои наврӯзӣ супорида шуд. Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки кӯдакону наврасон бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат менамоянд.

Раиси вилоят зимни суханронии худ сокинони ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки мардуми ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла иди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Барномаи ҷолиби консертии аҳли фарҳанги ноҳия ба чорабиниҳои наврӯзӣ шукуҳи дигар зам намуд.

Баъди иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ Раиси вилоят ба хоҷагии деҳқонии “Сӯфизода”-и ноҳия ташриф оварда, ба кишти пахта оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 8 гектар замин буда, дар беш аз 4 гектари он пахта кишту парвариш мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бошад имсол дар 3400 гектар кишти пахта ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 



Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки Раиси вилоят дар тантанаҳои наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ