Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум - 14.06.2019 15:31
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт карда шудааст - 14.06.2019 15:34
Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 14.06.2019 16:47
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Бӯстон - 14.06.2019 17:32
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои МҲТБО - 15.06.2019 17:37
Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид - 15.06.2019 17:35
Шоми дӯстӣ ба ифтихори иштирокчиёни Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё - 15.06.2019 17:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд - 15.06.2019 17:27
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро истиқбол гирифтанд - 15.06.2019 17:24
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд - 15.06.2019 17:18

Дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва баҳри татбиқи ин ҳадафи стратегӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодааст. Дар ин замина субҳи имрӯз дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят намоиши либосҳои мактабӣ доир шуд ва корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсолкунандагони либосҳо маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.

Муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва дигар шахсони масъул аз намоишгоҳ боздид намуда, ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ тавсияҳои муфид ироа намуданд.

Пасон дар толори хурди Кохи Рӯдакӣ машварати корӣ баргузор гардид. Зимни машварат таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари эълон намудани саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ, инчунин “бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ”-ро самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо муқаррар намуданд.

Зикр гардид, ки дар ҳудуди вилоят зиёда аз 100 корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ вуҷуд дошта, танҳо дар соли гузашта 31 корхонаву коргоҳи нави дўзандагӣ бо 534 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби корхонаву коргоҳҳои дўзандагии вилоят ба маблағи умумии 227,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2017 - 28,7 миллион сомонӣ зиёд буда, 114,4 фоизро ташкил медиҳад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъкидҳои чандинкарата, дар корхонаву коргоҳҳои дўзандагии вилоят барои дўхтани либоси мактабӣ истифодаи матоъҳои истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят корхонаи ҶДММ “Насоҷи Хуҷанд” бо иқтидорҳои азими саноатӣ мавҷуд асту ба фармоишу дастгирии соҳибкорон ниёз дорад.

Пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба тариқи истисно, имсол аз истифодаи матоъҳои корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” барои дўхтани либосҳои мактабӣ оғоз гардад.

Тибқи маълумоти Раёсати маорифи вилоят, барои соли ҷорӣ нақшаи дўхтани либосҳои мактабӣ барои 266 850 нафар хонанда муқаррар карда шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои ин миқдор либос зиёда аз 1,1 миллион метри мураббаъ матоъ лозим аст.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти оморӣ корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” соли 2018-ум 496,5 ҳазор метри мураббаъ газвор истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 154,2 ҳазор метри мураббаъ ё 1,5 маротиба зиёд аст. Мавриди зикр аст, ки корхона дар сурати бо иқтидори пурра кор карданаш қодир аст, истеҳсоли маҳсулотро ба маротиб афзун намуда, талаботи коргоҳҳои дӯзандагиро ба матоъ қонеъ созад.

Бинобар ин, роҳбарияти корхона вазифадор карда шуд, ки барои истеҳсоли миқдори зарурии матоъ ва таъмини сифати зарурии он  чораҳои судмандро амалӣ намояд.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла тандурустӣ, саноат, сохтмон, нақлиёт, роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра ҳазорҳо нафар кормандон фаъолият дошта, ҳамарўза либоси махсуси корӣ мепўшанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки либосҳои мазкур ё ба таври мустақим  (ҳамчун либоси тайёр) ба вилоят ворид мешаванд, ё аз матоъҳои воридотии истеҳсоли давлатҳои дигар дар корхонаву коргоҳҳои дўзандагии вилоят истеҳсол мешаванд.

Аз ин лиҳоз, ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои вилоятӣ дастур дода шуд, ки минбаъд фармоиш ва истеҳсоли либосҳои махсуси кориро дар корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ бо истифода аз матоъҳои истеҳсоли  ватанӣ ба роҳ монанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад