Хабарҳо
Наврӯз ва ифротгароӣ - 23.03.2019 22:50
Наврӯз - 23.03.2019 22:46
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29

«Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC​ роҳ пайдо кард

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 14
  • Минбаъда

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар майдони худ бо тими “Аҳал”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ пайдо кард.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”,​ ки рӯзи 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 25 000 тамошобин доир гардид, бидуни гол ба поён расид.​

Бозии аввали ин дастаҳо 6-уми март дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дастаи ғолиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум гардид. Як голи дар меҳмонӣ задаи “Хуҷанд” ба даста пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, “Хуҷанд” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон) ва "Алтин Асир" (Туркманистон) рақобат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC​ роҳ пайдо кард