Хабарҳо
Наврӯз ва ифротгароӣ - 23.03.2019 22:50
Наврӯз - 23.03.2019 22:46
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29

Кормандони соҳаи маорифи вилоят Рӯзи Модарро ҷашн гирифтанд

( 1 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ширкати занони фаъолу обрӯманди соҳаи маорифи вилоят чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли нишаст расонд. Зикр шуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бонувонро ба ифтихори ин ҷашни зебо табрику таҳният гуфта, барояшон сарсабзиву саломатӣ, зиндагии пурхайру нишот, бахту иқбол, рӯҳи саршору тани нерӯманд ва пирӯзиҳову комгориҳои  нав ба навро орзу намуд.

Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд кулли занон - маорифчиёни вилоятро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣҲукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид.

Дар идомаи чорабинӣ ғолибону иштирокдорони озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» ва «Мураббияи соли Тоҷикистон», омӯзгорону мураббияҳои навовару пешқадам бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тӯҳфаҳои пуливу хотиравии Раиси вилоят қадршиносӣ шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзоёни дастаи ҳунарии назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, хонандагони Мактаби Президенти  шаҳри Бӯстон, ҳофизони мумтоз Носир Раҳимов, Шӯҳрати Расул, Самеъҷон Машарипов ва дигарон бо рақсу таронаҳои марғуб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кормандони соҳаи маорифи вилоят Рӯзи Модарро ҷашн гирифтанд