Хабарҳо
Гражданский взгляд на деятельность ТЭО ПИВ - 19.01.2019 20:28
Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ - 19.01.2019 20:20
Мазҳакаи Кабирӣ – 2 (ё презентатсияи «Паймони зиддимиллӣ») - 19.01.2019 17:42
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан - 19.01.2019 17:41
Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ? - 19.01.2019 11:59
В горах ГБАО нет бедных - 19.01.2019 11:55
Опасный религиозный ренессанс (возрождение) - 19.01.2019 11:51
Фирефтаи мафкураи ифротии динӣ гаштан - чашидани заҳрро монад - 19.01.2019 11:16
Босмачӣ ва ҲНИ - 19.01.2019 11:16
Необоснованная озабоченность Human Rights Watch или когда у самого рыльце в пуху - 19.01.2019 11:11

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

8 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомади идона дар толори Кохи фарҳанги «Суғдиён» ҷараён гирифт ва роҳбарияти шаҳр кормандони милитсияро бо иди касбиашон табрик гуфт.

Зикр гардид, ки мақомоти милитсияи тоҷик бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд низ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, 26 нафари онҳо ҷони азизи худро нисор намудаанд, ки номи онҳо дар таърихи милитсияи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар душвортарин шароит барои ягонагии кишвари азизи худ каҳрамониву мардонагӣ нишон дода, тавонистанд, ки сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони милитсия аз хизматчиёни қаторӣ то афсарони баландрутба минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерўи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Сипас, аз тарафи роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба як қатор кормандони фаъоли мақомоти корҳои дохилаи шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Аз тарафи роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Хуҷанд низ ба як қатор кормандони фаъол Ифтихорнома супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ ва сурудҳои баландмазмуни ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд