Хабарҳо
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб - 16.08.2019 15:45
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 16.08.2019 15:40
Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд - 16.08.2019 10:14
Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд иҷро гардид - 16.08.2019 09:59

Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳм мегузорад

( 0 Овоз )

7 ноябр дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи театр чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни суханронии худ иброз дошт, ки Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт ва барои фаъолияти кормандон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Нақши театр дар тарбияи маънавии ҷомеа хеле назаррас буда, то имрӯз ҳунармандони Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тавонистанд 24 барномаи консертӣ ва намоишҳои саҳнавиро пешниҳод намоянд.

Баъдан як қатор фаъолон ва ҳунармандони Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Дар охир филми мустанад аз ҳаёт ва фаъолияти Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов намоиш дода шуд.

Ҳунармандони Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ин рӯз намоишномаи «Вопасин арӯси Амир-ал-муъминин» ва «Гулпарӣ» -ро ба намоиш гузоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳм мегузорад