Хабарҳо
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов - 19.03.2019 17:01
Наврўзи бостонӣ ва марҳилабандии худшиносии миллӣ (ба ифтихори ҷашни Наврўз) - 19.03.2019 14:50
Пирӯзии хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии «Техникони наврас» - 19.03.2019 14:13
Дар маҳфили «Ганҷи сухан» вижагиҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар водии Зарафшон баррасӣ гардиданд - 19.03.2019 14:09
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе - 19.03.2019 13:59
“Замину осмон Наврӯзгоҳ аст”. Суҳбати идона бо Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона - 19.03.2019 12:57
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 19.03.2019 09:59
22 март сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят Иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд - 19.03.2019 09:56
Бахшида ба Иди Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор мешавад - 19.03.2019 09:44
Гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расид - 18.03.2019 19:15

Бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд

( 0 Овоз )

5 ноябр дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар ҳақиқат, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои татбиқи дигаргуниву навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба хотири пешрафти ҷомеа тарҳрезӣ шудаанд ва ҳадафи аслӣ фароҳам овардани имконот барои рушди тамоми ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиклол мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳадафмандона риоя ва амалӣ намудани матлабҳое, ки дар Конститутсия баён шудаанд, фаъолияти пурсамарро дар тамоми соҳҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кафолат медиҳад. Вазъи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки дарвоқеъ, тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд. Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ таҳия гардидааст, бинобар ин, аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шудааст. Он моҳияти инсонпарварона дошта, баёнгари ормону ҳадафҳои аслии тамоми ҷомеаи кишвар ба шумор меравад”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки баъд аз қабули Конститутсия таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, барои ба танзим даровардани соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, давлат ва суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам оварда шуд.

Дар охири ҷамъомад барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди аҳли нишаст гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд