Хабарҳо
ТАДЖИКИСТАН: ОТ ШКОЛЬНОГО ИЗГОЯ ДО ГУРУ ПРОПАГАНДЫ «ИСЛАМСКОГО ГОСУДАРСТВА» - 14.12.2018 17:07
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Хуан Сзян Чун - 14.12.2018 12:56
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
Н О Г У Ф Т А Ҳ О ё дар интизори аломати нуқта - 13.12.2018 23:27

Баргузории маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ

( 2 Овоз )

Рӯзи 10 октябр Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 08-00 дар маҳалли зисташ баргузор шуд.

Маросими видоъ бо шоир бо ҳузури садҳо нафар дӯстону пайвандон, аҳли зиё, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва алоқамандони шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ сурат гирифт ва номаи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ба самъи пайвандони марҳум расонид.

Ёдовар бояд шуд, ки Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз кардаву дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонид. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз мебахшад. Нурмуҳаммад Ниёзӣ сипас дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи суғди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд будааст. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст.

Марҳум муаллифи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғайра мебошад.

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени «Шараф» (2004) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба наздикону пайвандони Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва алоқамандони шеъри ӯ ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ