Ноҳияи Спитамен аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ гузориш дод

( 0 Овоз )

Дирӯз дар варзишгоҳи марказии «Чашма»-и ноҳияи Спитамен бо иштироки роҳбарияти ноҳия маъракаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид карда шуд, ки соли ҷорӣ нахустин маротиба дар таърихи ноҳияи Спитамен дар рӯзи аввали гусели ҷавонон ба Артиши миллӣ нақшаи муайяншуда ба пуррагӣ иҷро гардида, зиёда аз 165 нафар ҷавонон барои ҳифзу ҳимояи Ватан сафарбар карда мешаванд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷоя бо сохторҳои дахлдор ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон рӯз аз рӯз баланд гардида, онҳо дар озмунҳои фаннӣ, мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мегарданд ва имрӯз ихтиёран ба сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар сафарбар шудани ҷавонон натиҷаи корбарии мунтазам аст.

Дар баробари ин изҳори боварӣ карда шуд, ки наваскарони ноҳияи Спитамен қарзи шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ иҷро

намуда, дар ҳифзи марзу бум ва осоиши мардуми кишварамон саҳми арзанда мегиранд.

Баъдан чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва фарҳангӣ, ки аз ҷониби қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ва бахши фарҳанги ноҳия омода гардида буд, пешкаши ҳозирон гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share