Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 27.01.2020 16:21
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада - 25.01.2020 19:25
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад - 27.01.2020 11:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ - 27.01.2020 10:04
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58
Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад - 24.01.2020 16:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид - 24.01.2020 15:56
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35

Навиди Суғд


Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Ба таваҷҷӯҳи сокинони вилояти Суғд, бахусус тарроҳону дӯзандагон расонида мешавад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси раёсатҳои кор бо занон ва оилаву фарҳанги вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мегардад!

Фестивали мазкур бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардида, аз рӯи 4 бахшҳои зерин сурат мегирад:

- Беҳтарин либоси кӯдакона;

- Беҳтарин либоси расмӣ;

- Беҳтарин либоси идона;

- Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ.

Либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда бошад.

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят гузаронида мешавад.

Дархостҳо барои иштирок дар Фестивал ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то 20 феврали соли 2020 қабул карда мешавад.

Маълумоти иловагиро метавонед тариқи телефонҳои зерин дарёфт намоед:

(8 34 22) 4 - 65 – 37, 4-68-50, 92 601 9055

 

Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ

( 1 Овоз )

Аз 27 январ то 14 феврали соли 2020 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоят, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд.

Баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 сурат мегирад. Зимни баргузории нишастҳои матбуотӣ Раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву ташкилотҳо аз  натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот медиҳанд.

Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо дар суроғаи зерин қобили дарёфт аст:

Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ

Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад

( 0 Овоз )

Тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ соли равон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 январи соли 2020, №32 ба тасвиб расидааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани тантанаҳои наврӯзӣ ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, шуъбаву раёсатҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯз вазифадор гардидаанд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда бахшида ба Иди Наврӯз ташкилу баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла гузаронидани ҳашарҳои оммавии вилоятӣ, аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил”, мусобиқаҳои миллии “Пойга”, “Бузкашӣ”, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, аёдати шахсони барҷомонда, ятимону маъюбон, Фестивали “Сайри гули лола”, маҳфили “Фасли Наврӯз ба ин давраи фирӯз омад”, озмунҳои “Бонуи наврӯзӣ”, “Маликаи баҳор”, “Арӯси наврӯзӣ”, “Ҳафт син”, “Ҳафт шин”, “Нақшхони беҳтарин”, “Наврӯз – ҷашни ниёгон” ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд

( 0 Овоз )

Дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамбаст гардид.

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шўъбаи маориф ва федератсияи футболи шаҳр аз санаи 2 январ то 23 январи соли 2020 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соли таваллудашон 2007-2008, 2005-2006 ва 2003-2004 ташкил ва гузаронида шуд. Бозиҳо дар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ва варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳр баргузор гардида, дар он 464 нафар футболбозон дар ҳайати 30 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ футболбозони беҳтарин ва омўзгорони фаъол бо сипосномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадршиносӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид

( 0 Овоз )

Бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саломатӣ» Спартакиадаи варзишӣ оғоз гардид.

Мусобиқаи варзишӣ ҳамчунин ба 85-солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур Шариф Ҳофизов бахшида шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни устодону профессорони донишгоҳ мебошад.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, дар мусобиқа 18 даста аз ҳисоби кормандони раёсати донишгоҳ ва устодони факултетҳо аз рӯи 6 намуди варзиш, аз ҷумла, шоҳмот, шашка, дартс, волейбол, тенниси рӯимизӣ байни ҳам қувва меозмоянд. Дар интиҳои мусобиқа аз ҳисоби беҳтарин бозингарон дастаи донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар Спартакиадаву мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ интихоб карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Навиди Суғд