Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Видео :Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” дар ноҳияи Спитамен 10 июли соли равон дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” мавриди истифода қарор гирифт.

Маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону бонувон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бинои дуошёна маркази савдо ҷой дода шуда, дар ошёнаи дуюми он коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст. Бо ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи дӯзандагӣ 20 нафар занону духтарони деҳа бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, маоши кормандони коргоҳ дар ҳоли ҳозир 500 сомониро ташкил медиҳад. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти коргоҳи дӯзандагӣ супориш дод, ки доираи фаъолияти хешро васеъ намуда, барои то 1200 сомонӣ баланд намудани маоши коргарон тадбирҳои заруриро амалӣ созанд. Тавсия дода шуд, ки коргоҳ бо муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамкорӣ намуда, барои омода намудани либосҳои мактабӣ фармоиш қабул намояд.

Сипас, Раиси вилоят бо корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 –и деҳаи Сафедтеппа шинос шуд.

Тавре қайд гардид, бо назардошти зиёд шудани шумораи хонандагон дар назди ин муассиса бинои иловагӣ сохта мешавад. Зимни шиносоӣ Раиси вилоят тавсия дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати бештар бидиҳанд, то бино солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии “Райҳона” дар ноҳияи Спитамен