Хабарҳо
Гражданский взгляд на деятельность ТЭО ПИВ - 19.01.2019 20:28
Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ - 19.01.2019 20:20
Мазҳакаи Кабирӣ – 2 (ё презентатсияи «Паймони зиддимиллӣ») - 19.01.2019 17:42
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан - 19.01.2019 17:41
Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ? - 19.01.2019 11:59
В горах ГБАО нет бедных - 19.01.2019 11:55
Опасный религиозный ренессанс (возрождение) - 19.01.2019 11:51
Фирефтаи мафкураи ифротии динӣ гаштан - чашидани заҳрро монад - 19.01.2019 11:16
Босмачӣ ва ҲНИ - 19.01.2019 11:16
Необоснованная озабоченность Human Rights Watch или когда у самого рыльце в пуху - 19.01.2019 11:11

Раиси вилоят бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷандро аёдат намуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

12 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон ҳамаи онҳоро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор доранд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ба ҳаёту зиндагии пиронсолон ва маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба таври доимӣ ба онҳо кӯмакҳои хешро мерасонад.

Дар ин рӯз барои 54 нафар бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дастурхони идона ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супорида шуд.

Сипас, Раиси вилоят аз филиали Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, бо фаъолияти он шинос гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷандро аёдат намуд