Хабарҳо
«СХОДКА» МАНЪ КАРДА ШУД. Натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният дар ВМКБ - 20.10.2018 19:58
«СХОДКА» МАНЪ КАРДА ШУД. Натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният дар ВМКБ - 20.10.2018 18:38
Бинои маъмурии шуъбаи минтақавии Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд - 20.10.2018 14:41
Қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ - 20.10.2018 11:37
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 19.10.2018 21:30
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.10.2018 15:28
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40

Боздиди Раиси вилоят аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Боздиди Раиси вилоят аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд 12 июни соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон боздид намуда, бо шароити солимгардонӣ ва истироҳативу табобатии афсарону сарбозон шинос шуд.

Зимни боздид Раиси вилоят бо сарбозоне, ки дар госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд табобат мегиранд, суҳбат намуда, оид ба вазъи солимгардонӣ,  саломатии онҳо ва дигар шароити муассиса пурсон шуд. Табобатгирандагон изҳор доштанд, ки раванди хизмати онҳо зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад ва аз ин хотир дар госпитал тамоми шароити лозимӣ муҳайё мебошад. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, такя намуда, ба ин қишри ояндасози миллат пайваста ғамхорӣ менамоянд. Бахусус фаъолити шабонарӯзии афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар  госпитали ҳарбӣ барои табобату солимгардонии сарбозон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ошхонаву хонаҳои фароғатӣ дар муассиса инчунин меҳмонхона барои оилаҳои сарбозон мавҷуд аст.

Раиси вилоят дар аснои боздид аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстонро ба масъалаи дубора барқарор намудани кӯли ин мавзеъ ва беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхонаи “Хуҷанд” ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҷоизи зикр аст, ки ба бошандагони госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд аз ҷониби Раиси вилоят кӯмакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрока ва сабзавоту меваҷот тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд