Хабарҳо
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49

Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд 11 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор шуд.

Дар кори машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар рафти машварат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –юми майи соли 2018 аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи Амри мазкур гуруҳҳои корӣ вазифадор гардидаанд, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати ду моҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда, иҷрои онро то 1-уми сентябри соли 2021 таъмин намоянд. Дар асоси Амри мутазаккираи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Раиси вилоят ба тасвиб расида, мувофиқи он  аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоят як нафарӣ ба шаҳру навоҳӣ вобаста карда шудаанд. Шахсони мутасаддӣ вазифадоранд, ки дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои корӣ дар муҳлати кутоҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо таҳия ва пешниҳод созанд.

Дастур дода шуд, ки ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру навоҳӣ дар алоҳидагӣ омӯхта шуда, барои бунёди иншооти зарурӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона, иншооти соҳаи фарҳанг, сартарошхонаву ҳаммом, кошонаи ҳусн нақшаи корӣ тартиб дода шавад.

Масъулин ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои корӣ барои сари вақт омода намудани нақшаи корҳои бунёдкорӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина зарур дониста шуд, ки пеш аз ҳама барои фаъол гардонидани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъмири мактабҳои садамавӣ, беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нӯшокӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард ва ҳалли дигар мушикилоти мавҷуда таваҷҷуҳи бештар равона гардад.

Дар машварати корӣ ҳамзамон масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона, аёдати шахсони яккаву танҳо, дастгирии ятимону ниёзмандон дар арафаи Иди саиди Фитр, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии пахтаву картошка, ҷамъоварии меваву сабзавот, захираи хӯроки чорво ва омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд