Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 26.06.2019 12:37
Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд - 26.06.2019 09:54
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони марказии ноҳияи Лахшро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ карданд - 26.06.2019 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд - 26.06.2019 07:51
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

( 1 Овоз )

9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карда, самтҳои асосии муносибатҳои шарикию стратегии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкории байни давлатҳо баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмиқ ва густариши он иброз доштанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россия маънидод намуданд.

Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва барои таҳкими муносибатҳо дар ин самт татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, эълони авф ба як қисми шаҳрвандон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки идомаи чунин чораҳои судманд, аз ҷумла, тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти муҳоҷирон ба манфиати кор хоҳад буд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аз раванди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, омӯзиши забони русӣ, таъмини омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон изҳори қаноат карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барои бомуваффақият гузаронидани Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол барору комёбӣ орзу карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин