Хабарҳо
Гражданский взгляд на деятельность ТЭО ПИВ - 19.01.2019 20:28
Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ - 19.01.2019 20:20
Мазҳакаи Кабирӣ – 2 (ё презентатсияи «Паймони зиддимиллӣ») - 19.01.2019 17:42
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан - 19.01.2019 17:41
Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ? - 19.01.2019 11:59
В горах ГБАО нет бедных - 19.01.2019 11:55
Опасный религиозный ренессанс (возрождение) - 19.01.2019 11:51
Фирефтаи мафкураи ифротии динӣ гаштан - чашидани заҳрро монад - 19.01.2019 11:16
Босмачӣ ва ҲНИ - 19.01.2019 11:16
Необоснованная озабоченность Human Rights Watch или когда у самого рыльце в пуху - 19.01.2019 11:11

Раиси вилоят Муҳаммадисроил Ниёзовро аёдат намуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадисроил Ниёзовро аёдат намуд.

Муҳаммадисроил Ниёзов 38 сол дошта, аз айёми кӯдакиаш дар бистари беморӣ қарор дорад ва ба ӯ ҳамчун шахси имконияташ маҳдуд аз ҷониби давлат кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои аёдат иброз дошт, ки шахсони ниёзманд таҳти ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва ба таври доимӣ ба чунин ашхос кӯмакҳо расонида мешавад. Аз ҷумла, худи ҳамин рӯз ба оилаи Ниёзовҳо кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Сипас, Раиси вилоят ба манзили собиқадори меҳнат Сангинмаҳмад Раҳматов ташриф оварда, аз рӯзгор ва саломатии ӯ бохабар гардид. Мавсуф солҳои зиёд дар соҳаи маориф кор карда, дар тарбияи садҳо нафар саҳми арзанда гузоштааст. Раҷаббой Аҳмадзода бо Сангинмаҳмад Раҳматов суҳбат намуда, аз хизматҳои арзандаи ӯ дар соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас ёдовар шуд. Дар охир аз ҷониби Раиси вилоят ба оилаи собиқадори меҳнат кӯмакҳои моливу пулӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Муҳаммадисроил Ниёзовро аёдат намуд