Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Рӯзи 14 майи соли равон бо ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ба муносибати баистифодадиҳии Қасри фарҳанг дар ҷамоати мазкур чорабинии идона доир шуд. Раиси вилоят дар суханронии худ таъкид кард, ки Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муддати се моҳ аз таъмир бароварда шуд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон доир ба рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ маълумот дода, зикр дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия сохтмони варзишгоҳ, қасри фарҳанг, кӯдакистону мактабҳо, марказҳои хизматрасонӣ, таъмири роҳҳо идома дорад, ки бешак барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия мусоидат хоҳад кард. Раиси вилоят инчунин иттилоъ дод, ки дар идомаи бунёдкориҳо ояндаи наздик дар ноҳия Маҷмааи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҷамоати мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ баргузор шуд. Раиси вилоят зимни боздид аз растаҳои гуногун аз ҳунармандон даъват намуд, ки барои рушди ҳунарҳои аҷдодӣ, омода намудани шогирдон ва тарбияи ҷавонон саҳми бештари худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд