Хабарҳо
Баргузории чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати аввали НБО "Роғун" /АКСҲО/ - 17.11.2018 15:53
Раҳпаймоии идона ба муносибати ифтитоҳи чархаи аввалини НБО "Роғун" /АКСҲО/ - 17.11.2018 15:38
Ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор гардид - 17.11.2018 14:18
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» - 17.11.2018 13:38
ИТП ТЭТ аъзолари ќамоќхонадаги исён сабабчиларидир - 17.11.2018 11:19
Tajikistan. The instigators of the prison riot members are terrorist-extremist organization, the Islamic Revival Party - 17.11.2018 11:14
Тоҷикистон. Ташаббускорони ошӯби зиндон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд (Бознашр аз сомонаи «Центразия.ру» аз 16.11.2018с.) - 16.11.2018 22:09
МАШЪАЛАФРЎЗИ МИНТАҚА ЧАШМИ ҲАСУДОНРО КЎР МЕКУНАД - 16.11.2018 22:08
ОЛУС ҲАМАРО КАҶМАКАҶАК МЕБИНАД - 16.11.2018 21:38
Табрикот ба мардуми кишвар ва таъзия ба ТТЭ ҲНИ - 16.11.2018 21:20

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара

( 0 Овоз )

Рӯзи 10 феврал бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маросими муаррифии раиси нави шаҳр доир шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари нави шаҳрро ба фаъолони шаҳр муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ки ҳамчун роҳбари ҷавону кордон тавонист давоми ду соли роҳбариаш барои ободу зебо намудани шаҳри Исфара саҳми арзанда гузорад, изҳори сипос намуда, ба Сиҷоуддин Саломзода барои иҷрои вазифа барори кор таманно намуд.

Дар маросими муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки роҳбари нави шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода соли 1989 Институти политехники Тошкент ба номи Абдурайҳон Беруниро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-геофизик хатм кардааст. Номбурда аз соли 1989 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳандис-геофизик оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори Хадомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода кор кардааст.

Дар идомаи ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрро мавриди таҳлил қарор дода, масъулинро вазифадор кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар самтҳои алоҳидаи фаъолият ва таъмини рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар ин радиф, таваҷҷуҳи фаъолон, масъулини сохторҳои марбута ва сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ ба иҷроиши нақшаи кисми даромади буҷет, пурра ба кор андохтан ва истифодаи самаровари иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда, роҳандозии самтҳои нави истеҳсолӣ ва таъмини рушди бемайлони соҳаи саноат, эҳёи дигарбораи шуҳрати Исфара ҳамчун шаҳри саноатӣ, ба шаҳри содиркунандаи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ табдил додани Исфара, инчунин ҷамъоварии пурраи маблағҳои об ва барқи истифодашуда ҷалб карда шуд.

Хамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди баррасӣ карор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар назди масъулин ба таври мушаххас вазифагузорӣ сурат гирифт.

Худи ҳамин рӯз роҳбари вилоят бо рафти корҳои бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи Зумрад шинос гардида, дар ин мавзеи истироҳатӣ ниҳол шинонид. Ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки бо назардошти зиёд гардидани теъдоди истироҳаткунандагон роҳбарияти осоишгоҳ тасмим гирифтааст, ки бинои иловагии 9 ошёнаро бунёд намояд. Бо ба анҷом расидани сохтмони бино талаботи истироҳаткунандагон пурра қонеъ гардонида мешавад. Сохтмони бинои мазкур соли 2019 ба итмом хоҳад расид ва дар назар аст, ки барои истироҳаткунандагону табобатгирандагон 6еш аз 600 ҷойи нав ташкил карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара