Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Маросими муаррифии раиси ноҳияи Зафаробод

( 3 Овоз )

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ раиси ноҳияи Зафаробод таъин шуд ва Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то имрӯз дар вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод фаъолият дошт, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Рӯзи 10 феврал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод маросими муаррифии роҳбари нави ноҳия баргузор шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифии раиси ноҳияи Зафаробод, ки бо ҳузури роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва фаъолон сурат гирифт, аз хизматҳои Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ёдоварӣ намуда, саҳми ӯро дар рушди бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия, пеш аз ҳама соҳаи кишоварзӣ назаррас арзёбӣ намуд ва барои фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно кард.

Тавре зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ 21 декабри соли 1961 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик ва дорои маълумоти олӣ мебошад. Номбурда соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисосҳои агроном ва ҳуқуқшинос хатм намудааст. Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ фаъолияти кориашро соли 1979 ба ҳайси коргари комбинати матоҳои пахтагини шаҳри Душанбе оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори раёсати кишоварзӣ ва муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод кор кардааст.

Раиси ноҳияи Зафаробод Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки барои пешравии ноҳия талош хоҳад кард.

Пас аз маросими муаррифӣ маҷлиси фаъолон доир шуд. Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 103,3 дарсад ва қисми буҷети маҳаллӣ 102 фоиз иҷро гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 124 фоиз иҷро шуда бошад ҳам вале аз 20 корхонаи мавҷуда дар соли 2017 4 адади он фаъолият накардааст. Роҳбари вилоят ба масъулин супориш дод то ҳолати воқеии корхонаҳо санҷида шуда, ҷиҳати фаъолияти босамари онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти бархе аз корхонаҳои коркарди пахтаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки бояд иқтидорҳои пешина барқарор ва пурра ба кор андохта шаванд.

Роҳбари вилоят аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар мавсими гузашта, истеҳсоли гӯшту шир дар ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки дар ноҳия бояд истеҳсол ва коркарди навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шавад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят зимни суҳбат бо фаъолон иттилоъ дод, ки бо мақсади насби агрегатҳои замонавӣ ва таъмири агрегатҳои мавҷудаи пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Роҳбари вилоят дар идомаи маҷлис ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ба итмом расонидани шудгори заминҳо, ҷалби хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташкили коргоҳҳои дӯзандагӣ ва ҷалби занон ба шуғли доимӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими муаррифии раиси ноҳияи Зафаробод