Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Таъйиноти кадрӣ дар як қатор сохторҳои давлатӣ

( 1 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам», «дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ», дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратзода Саидҷон бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Файзобод ва Табаров Хайрулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди Президенти мамлакат дар бораи Раиси палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таъин гардиданд. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то ин вақт дар вазифаи Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор мекард, минбаъд дар вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Хатлон адои вазифа менамояд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Ҳайдар муовини якум, Шерализода Хуршед ва Ҳурматзода Иззатулло муовинони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Субҳонзода Икром Субҳон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Набизода Азиз муовини директори Агентии мазкур таъйин гардиданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои ҳукумати мамлакат Сатторӣ Баҳром Бобоқул Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин шуда, Айхон Шарифова аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Окимбекова Зӯҳро аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд. Раҳматуллозода Шаҳноз-муовини Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Назарзода Заррина муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат аз ҳар як хизматчии давлатӣ, ки собиқаи корӣ ва малакаи зарурии роҳбариро соҳиб гаштаанд, садоқат ба халқу Ватан ва дасту дили пок ба дӯш гирифтани заҳмати шабонарӯзӣ барои пешрафти кишвари азизро талаб намуда, баҳри иҷрои рисолати сарварӣ дар асоси боварии мардум ва Сарвари давлат барору комёбӣ орзу намуданд. Дар ҷавоб ба эътимод ва ғамхориҳои Пешвои миллат онҳое, ки масъулияти баланди роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимият ба ӯҳда гирифтанд, изҳор доштанд, ки дар оянда барои рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои худ тамоми кӯшишу ғайрат ва таҷрибаву малакаи андӯхтаашонро дареғ намедоранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таъйиноти кадрӣ дар як қатор сохторҳои давлатӣ