Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Ҷаласаи кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Видео :Ҷаласаи кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Рӯзи 7 феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Дар рафти ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳиро давоми моҳи январи соли ҷорӣ таҳлил намуда, масъулинро вазифадор кард, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли равон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат аҳмияти хоса зоҳир гардида, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самаранок аз иқтидорҳои мавҷуда аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Раҷаббой Аҳмадзода масъулини вилоятиву маҳаллиро вазифадор кард то дар самти ба кор андохтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва татбиқ намоянд. Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи саноат имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва як қатор барномаҳои давлативу имтиёзҳои алоҳида мавҷуд аст. Дастур дода шуд, ки ҳамаи корхонаҳои мавҷуда, новобаста аз шакли моликияташон, бояд аз иқтидорҳои мавҷуда пурра истифода баранд.

Бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинон ва баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бояд дар минтақаҳо бештар коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди ширу гӯшт, доруворӣ, афшураи мевагӣ бунёд карда, ба банду басти маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳмияти хоса дода шавад. Соли равон мувофиқи нақша дар вилояти Суғд 70 корхонаи нав ба кор андохта хоҳад шуд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъсиси минтақаи саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда чораҷӯӣ намоянд. Инучунин мустаҳкам намудани робитаи хуби мақомоти маҳаллӣ бо соҳибкорон ва ҷалби онҳо дар бунёду барқарорсозии коргоҳҳои истеҳсолӣ ба манфитаи кор  хоҳад буд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзии вилоят таъкид карда шуд, ки ҷараёни корҳои саҳроӣ беҳбудиро металабад. Зеро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қафомонӣ дар шудгори замин ба назар мерасад. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон тибқи нақша дар майдони умумии 57 ҳазор гектар пунбадона кишт хоҳад шуд ва бинобар ин масъулинро зарур аст, ки барои саривақт омодасозии заминҳо тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин кишти картошка низ то ба 14,5 ҳазор гектар расонида мешавад. Барои таъмини нақшаҳои пешбинишуда анҷоми саривақтии корҳои саҳроӣ ва омодагӣ ба мавсими нави киштукор, захираи кофии тухмиҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, риояи структураи кишт, баланд бардоштани боздеҳи замин, кишту парвариши маҳслулоти бозоргир муҳим арзёбӣ гардид.

Ба раисони навоҳии кишоварзии вилоят дастур дода шуд, ки  яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳоро ба анҷом расонида, ҷиҳати бунёди боғу токзори нав ва барқарор намудани боғу токзори мавҷуда, омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ, бунёди гармхонаҳо, баланд бардоштани самаранокии чорвордорӣ, рушди моҳипарварӣ, омодасозии шабакаҳои обрасонӣ, тоза намудани каналу ҷӯйборҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳо чораҷӯйӣ намоянд.

Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ баррасӣ шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастур дода шуд. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи нақша дар ояндаи наздик бинои муассисҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, таъмир хоҳад кард. Масъулини соҳаи тандурустии вилоятро зарур аст, ки усулҳои пешрафтаи табобатро истифода намуда, ба воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, боло бурдани тахассуснокии кормандон ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ аҳмияти хоса зоҳир намоянд.

Роҳбари вилоят ҳамзамон ёдовар шуд, ки соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Бинобар ин, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки корҳои бунёдкориву созандагиро вусъат бахшанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода