Хабарҳо
Баргузории чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати аввали НБО "Роғун" /АКСҲО/ - 17.11.2018 15:53
Раҳпаймоии идона ба муносибати ифтитоҳи чархаи аввалини НБО "Роғун" /АКСҲО/ - 17.11.2018 15:38
Ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор гардид - 17.11.2018 14:18
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» - 17.11.2018 13:38
ИТП ТЭТ аъзолари ќамоќхонадаги исён сабабчиларидир - 17.11.2018 11:19
Tajikistan. The instigators of the prison riot members are terrorist-extremist organization, the Islamic Revival Party - 17.11.2018 11:14
Тоҷикистон. Ташаббускорони ошӯби зиндон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд (Бознашр аз сомонаи «Центразия.ру» аз 16.11.2018с.) - 16.11.2018 22:09
МАШЪАЛАФРЎЗИ МИНТАҚА ЧАШМИ ҲАСУДОНРО КЎР МЕКУНАД - 16.11.2018 22:08
ОЛУС ҲАМАРО КАҶМАКАҶАК МЕБИНАД - 16.11.2018 21:38
Табрикот ба мардуми кишвар ва таъзия ба ТТЭ ҲНИ - 16.11.2018 21:20

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

( 2 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео :Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯзи 7 феврал дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа фаъолияти Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои соли равон муайян гардиданд.

Дар оғози ҷаласа аъзои Шӯро масъалаи тағйироти кадриро баррасӣ намуда, Абдураҳмон Қодириро аз вазифаи раиси Шӯро озод ва  иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ин мақом интихоб намуданд. Аъзои Шӯро аз фаъолияти босамари Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчун собиқ роҳбари Шӯро ёдовар шуда, саҳми ӯро дар  пешбурди фаъолияти он босазо арзёбӣ карданд. Аъзои Шӯро инчунин дар бораи аз вазифаи котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракат озод намудани Мавлуда Шарифова ва аз вазифаи раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракат озод намудани Муҳиддин Хоҷазод бо хоҳиши худашон қарор қабул карда, ба ҷойи онҳо Абдуҳаким Шариповро котиби ҳамоҳангсоз ва Қобилҷон Усмоновро раиси Шӯрои куҳансолон интихоб намуданд. Ба Мавлуда Шарифова ва Муҳиддин Хоҷазод барои фаъолияти самаранокашон Сипосномаҳои раёсати Шӯро супорида шуд. Ҳамзамон, ваколати 11 нафар аъзои нави Шӯрои вилоятӣ дар ҷаласа тасдиқ гардид.

Доир ба фаъолияти Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2017 муовини аввали раиси Шӯро Мавҷуда Бобоева ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз рӯзи ташкилёбиаш то кунун ҳамчун нерӯи тавоно дар пойдории сулҳу суботи давлати соҳибистиқлол ва ташвиқу тарғиби ғояи асосии пешрафти давлатдории тоҷикон - ваҳдати миллӣ саҳм гузошта, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ барои пойдории ваҳдат талош меварзад.  Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту муассисаҳо ташкилотҳои ибтидоии он созмон дода шуда, ҳазорон нафарро дар худ муттаҳид кардаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят, раиси тозаинтихоби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умед намуд, ки аъзои Ҳаракат ҳамеша дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд ва  соли равон бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси бузурги ватандорӣ фаъолияти хешро ба роҳ хоҳанд монд.

Дар соли равон фаъолони Шӯрои вилоятиро зарур аст, ки дар самти дарёфти шаклу усулҳои муосири корбарӣ дар байни ҷомеа, тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзу самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, ҳадафмандтар намудани  фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва кӯмаки молӣ расонидан ба онҳо, истифодаи васеи таҷрибаи пешқадами ҳаётии насли калонсол бо мақсади тарбияи ворисони арзанда, тайёр намудани кадрҳои болаёқати ҷамъиятию давлатӣ, мустаҳкам намудаи пояи моддиву маънавии сохтори Ҳаракат, ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилот корҳои назаррасро ба иҷро расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон