Хабарҳо
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28
Усули нави қабули муроҷиат дар Конибодом. Сокинон метавонанд тавассути паёмакҳои телефонӣ дархостҳояшонро пешниҳод намоянд - 23.11.2017 10:40
«Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» - баргузории чорабинии идона дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд - 23.11.2017 09:34
Имрӯз Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 22.11.2017 18:54
Дар ноҳияи Ашт таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ» конфронси илмӣ доир мешавад - 23.11.2017 08:48
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоҳи дӯзандагӣ соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур асосан мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Бинои дуошёнаи корхонаи саноатӣ бо фармоиши Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохта, бо сабку услуби муосири меъморӣ ба ин гӯшаи зебои кишвар ҳусни дигар зам намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгоҳу технологияи муосири корхона ва басту банди маҳсулоти ватанӣ шинос гардида, бо кормандон суҳбати озоду самимӣ доир карданд.

Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд.

Дар назди ин коргоҳ сардхона низ ҷойгир мебошад, ки дар он 200 тонна маҳсулоти боғпарваронро захира мекунанд.

Тавре зикр гардид, барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншоот бо технологияи пешрафта 6 миллион сомонӣ харҷ гардида, бинои хуштарҳ дар майдони 0,48 садяк замин сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коргоҳи мева аз Германия ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанию хориҷӣ васлу насб гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюми бино бо чеварони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.

Занону духтарони хонашин дар ин коргоҳ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин шуда, ба омода намудани либосҳои гуногун машғуланд.

Чеварони ин коргоҳ пеши худ мақсад гузоштаанд, ки дар оянда дар таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо либосҳои ягонаи мактабӣ саҳми худро гузоранд. Бинои номбурда дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ, 3 толор ва 5 ҳуҷра бо масоҳати умумии 782 метри мураббаъ мебошад.

Бо ифтитоҳи иншооти нав 22 нафар дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 130 нафари дигар дар коргоҳи дӯзандагӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб ва дар маҷмӯъ 160 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин