Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди иншооти сохташавандаи Кохи Варзиш

( 0 Овоз )
Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди Кохи Варзиш
Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди Кохи Варзиш
Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди Кохи Варзиш
Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди Кохи Варзиш
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Видео ::Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди иншооти сохташавандаи  Кохи Варзиш
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба маъракаи кабудизоркунии назди иншооти сохташавандаи Кохи Варзиш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид.

Бо иштироки Раиси вилоят ва ҳашарчиён дар атрофи иншооти сохташавандаи Кохи Варзиш ва варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 2 ҳазор

ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонида шуд.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои омодагӣ ва кабудизоркунии  майдони Исмоили Сомонӣ, варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият дидан карда, ба масъулини соҳа супориш дод, ки дар ҷойҳои таърихиву истироҳатӣ  дарахтони  сояафкан ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинонанд.

Бояд ёдовар шуд, ки сохтмони Кохи Варзиш моҳи апрели соли 2012 оғоз гардида, он барои 3 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, лоиҳа аз ҷониби  ширкати дорои масъулияташ маҳдуди «Синдайн Довей»-и Ҷумҳурии халқии Хитой кашида шудааст ва сохтмони  онро худи ширакат бар дӯш дорад.

Мавриди зикр аст, ки то рӯзи шанбеи 16-уми март дар гирду атрофи иншооти мазкур зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонида  хоҳад шуд.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед.Видео ::Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди иншооти сохташавандаи Кохи Варзиш

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар назди иншооти сохташавандаи Кохи Варзиш