Хабарҳо
ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2020 - 28.05.2020 18:48
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд - 29.05.2020 09:32
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29
Зафаробод. Аёдати ҷавонони маюб аз ҷониби Раиси вилоят - 28.05.2020 15:15
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии Рустам Қӯзибоев дар ноҳияи Зафаробод дидан намуд - 28.05.2020 15:21
Боздиди Раиси вилоят аз ғаллазори хоҷагии “Хоҷимурод-2018” дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 28.05.2020 15:50
Шиносои аз фаъолияти маркази саломатии ҷамоати деҳоти Равшан - 28.05.2020 16:09

Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

( 0 Овоз )

Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

Видео ::Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик
Имрӯз Иди матбуоти тоҷик  бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва рӯзноманигорону хабарнигорони расонаҳои хабарии  вилоят дар КВД «Кохи матбуот»  таҷлил гардид.

Раиси  вилоят Қоҳир Расулзода рӯзноманигорон, аҳли эҷоду сухан ва ноширони матбааҳои вилоятиро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, дар бораи нақши расонаҳои хабарӣ ва электронӣ дар рушду нумӯи ҷомеа изҳори

ақида намуд ва қайд кард,ки воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеоти рӯзгор нақши муассир доранд.

Ба андешаи ман, - таъкид дошт Раиси вилоят, матбуоти муосири кишварамон рисолати худро бобати расонидани иттилооти воқеӣ ва ташаккули афкори ҷомеа пурсамар таъмин менамояд ва маҳз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба пешравиҳо ва дастовардҳои зиёди касбӣ ноил гардидааст.

Раиси вилоят ҳамчунин қабули як қатор қонунҳои марбут ба соҳа, аз ҷумла ба тасвиб расидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр»,  Фармону Амри Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма», «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат дар тантанаи 100 – солагии матбуоти тоҷикро баёнгари эътибори саривақтии роҳбарияти  мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма арзёбӣ намуд.

Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик Ба таъкиди Раиси вилоят соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пахши барномаҳои телевизиони «Шабакаи аввал» 13 адад, «Сафина» 6 адад ва «Баҳористон» 4 адад таҷҳизоти интиқоли мавҷи телевизионии ҳозиразамон насбу васл карда шуд ва ин боис гардид, ки дар ин давра фарогирии пахши барномаҳои телевизионӣ дар қаламрави вилоят беҳтар гардад.

Қоҳир Расулзода дар бораи расонаҳои электрониву чопии  имрӯза  сухан ронда, изҳор дошт, ки алҳол дар маркази вилоят 12 шабакаи телевизионӣ, 48 рӯзнома ва 6 маҷаллаи давлативу хусусӣ фаъолият мебаранд ва муштариён ба рӯзномаҳои даврӣ сол аз сол афзуда истодаанд.

Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик Дар анҷом ба як қатор рӯзноманигорон ва фаъолони журналистикаи вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Аз ҷумла, ба ғолиби озмуни Созмони журналистони вилоят Карим Шариф ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ эҳдо гардид.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед.Видео ::Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик