Хабарҳо
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41

Ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд

( 1 Овоз )
Ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд
Фестивали гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд
Фестивали гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Видео ::Ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд
Дар Маркази фарҳангию фароғатии "Суғд"-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд фестивали гулу гиёҳҳои ороишӣ ва ниҳолҳои пайвандии мевадиҳандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ширкат намуд.

Сараввал Қоҳир Расулзода аз ошёнаи якум ва дуюми бино, ки гулҳои гуногуни эронӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан кард.

Роҳбалад, намояндаи ширкати "Гулкадаи ситораи беназир" Ризо Атоӣ ба Раиси вилояти Суғд оид ба навъи гулҳо ва роҳҳои нашъунамои он, хусусиятҳои гулҳои эронӣ, роҳҳои сабзондани онҳо маълумот дод.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баргузории фестивали гул ва гиёҳҳои ороишӣ, тухмӣ ва ниҳолҳои пайвандии мевадиҳандаи эронӣ аз ширкати "Гулкадаи ситораи беназир"-ро амали нек арзёбӣ намуда, изҳор кард, ки мо барои ободии диёри хеш ҳатман аз ин гулҳои ороишӣ истифода хоҳем бурд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода пас аз огоҳӣ ёфтан аз хосияти дарахтони мевадиҳандаи себи сурх, хурмо, бодом, чой, зардолу, себи сабзи голо, гелос, анор, анҷир, шафтолу, ангури ёқутӣ изҳор намуд, ки дар вилоят барои таҷриба қитъаи замин ҷудо гардида, мутахассисони эрониву  тоҷик якҷоя фаъолият намоянд ва таҷрибаи пешқадами парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи серҳосилро омӯзанд. Ҳамчунин Раиси вилоят  дар ҳудуди Боғи миллӣ шинонидани навъҳои гуногуни чунин дарахтҳоро супориш дод.

Зикр бояд кард, ки ширкати  "Гулкадаи ситораи беназир"  аз соли 1995 инҷониб дар бахшҳои кишоварзӣ, гулпарварӣ, боғдорӣ ва зироат фаъолият дорад ва бо кишварҳои пешрафтаи Аврупо, аз ҷумла Олмон, Фаронса ва Ҳолландия ҳамкорӣ дорад.

Ширкати мазкур дар қатори дигар давлатҳо дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ намояндагии худро ифтитоҳ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишии эронӣ дар Хуҷанд