Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард

( 2 Овоз )
Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард
Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Видео ::Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва дигар ашхоси масъул маркази равонпизишкии вилоят пас аз таъмир, дубора  мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз утоқҳои барҳавои кориву табобатии Маркази равонпизишкии вилоят дидан карда, бо кормандону табобатгирандагони он сӯҳбат орост. Онҳо бунёди бинои нав ва шароити мавҷударо барои табобат хуб арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки вазъи кунунӣ барои беҳтар шудани ҳолати беморон мусоидат хоҳад кард.

Сипас Раиси вилоят Қоҳир Расулзода сухан карда, бонувонро пеш аз ҳама бо омадани баҳори файзбор ва Рӯзи Модар табрик намуда, изҳор дошт, ки беҳтарин шароити кориву табобатӣ барои бошандагону кормандон муҳайё карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2012 Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз вазъи онвақтаи марказ дидан намуда, аз шароити нохуби бошандагони он изҳори нигаронӣ намуд ва ба масъулин супориши қатъӣ дод, то дар муддати кӯтоҳ бино аз нав сохта шавад.

Дар паи иҷрои супориши Раиси вилоят масъулину сохтмончиёни ҶДММ "Хуҷандсохтмон-1" бунёди Марказро ба зимма гирифта, онро дар мӯҳлати муайян, бо сифати баланд ба анҷом расонданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки маблағгузорӣ аз ҷониби буҷаи вилоят сурат гирифта, барои азнавсозии он зиёда аз 4 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Масоҳати умумии бино 1100 метр мураббаъ буда, он аз ду ошёна, 10 утоқи замонавии барҳаво дорои 100 кат, ҳамчунин ошхона, утоқҳои табибон, дармонгоҳ ва майдони сайругашти беморон иборат буда, ҳуҷраҳои бино бо таҷҳизот ва кондитсионерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Бояд зикр намуд, ки бинои пештараи беморхонаи руҳиву асабии вилоят соли 1956 ба сохта шуда, дар ҳолати ногувор қарор дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маркази равонпизишкӣ дубора ба фаъолият оғоз кард