Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд - 29.05.2020 09:32
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29
Зафаробод. Аёдати ҷавонони маюб аз ҷониби Раиси вилоят - 28.05.2020 15:15
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии Рустам Қӯзибоев дар ноҳияи Зафаробод дидан намуд - 28.05.2020 15:21
Боздиди Раиси вилоят аз ғаллазори хоҷагии “Хоҷимурод-2018” дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 28.05.2020 15:50
Шиносои аз фаъолияти маркази саломатии ҷамоати деҳоти Равшан - 28.05.2020 16:09
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Зафаробод - 28.05.2020 16:28
Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи бузпарварии “Ҷаҳида” дидан намуд - 28.05.2020 20:28

Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»

( 1 Овоз )

       Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»

Видео ::Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»

Рӯзи сешанбе, 5-уми март Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади таҷлил аз «Рӯзи Модар» ба Қасри Арбоб ташриф овард.

Нахуст Раиси вилоят ба муносибати фаро расидани рӯзи мубораки модар ва омадани зеботарин фасли табиат - баҳори нозанин ҳозиринро таҳният гуфта, зикр дошт, ки соли чаҳорум аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон ин рӯзи зебои оғози айёми шукуфоиҳои ҳаёт ҳамчун Рӯзи мубораки мансуб ба номи модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Ҳамчунин Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз бузургдошти занон миёни миллати тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд «дар ҳақиқат

вақте мо ба сарчашмаҳои таърихӣ назар меафканем, равшан ҳувайдо мегардад, ки ниёгони шарафманди мо рӯзеро дар тақвими худ ҳазорсолаҳо қабл ба номи зан ва модар унвон додаанд. Ҷолиб он аст, ки ин рӯз ба санаи 5 исфандмоҳ дар солшумории ниёгони мо иттифоқ афтодааст ва агар онро ба тақвими муосир татбиқ намоем, ба охирҳои моҳи феврал ва аввали моҳи март иртибот мегирад, ки ба ҳамин санаи имрӯз низ наздикӣ дорад».

 

Ба таъкиди Раиси вилоят, ин ҷашн рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарон баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мегардад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз фазои орому осудаи кишвар ёдовар шуда, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳгардонии шароити кор ва зиндагии занон амалӣ  мегардад. Тибқи ин барномаҳо ба занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ва модарони яккаву танҳо ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, машшотагӣ, рӯзгордорӣ ройгон омӯзонида мешаванд.

       Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»    Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар суханронии хеш инчунин аз баъзе ҳодисаҳои зиндагии занон изҳори нигаронӣ кард. Хусусан афзоши шумораи занони муҳоҷир ва ҷудошавии зиёди оилаҳоро ёдовар шуда, Раиси вилоят таъкид дошт, ки  шумораи занони муҳоҷир дар як соли охир дар вилоят ба миқдори бештар аз 14 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Ё худ соли гузашта 3165 ҳодисаи ҷудошавӣ (талоқ) ба вуқӯъ пайвастааст, ки нисбати соли 2011 дар вилоят 189 ҳодиса зиёд мебошад. Ин омил - зикр намуд Раиси вилоят, боиси нигаронӣ буда, аз ҳар яки мову шумо масъулият ва корбарии амиқ тақозо менамояд.

Дар анҷоми вохурӣ ба фаъолзанони вилоят тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳдо гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили «Рӯзи Модар» дар қасри «Арбоб»