Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд - 29.05.2020 09:32
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29
Зафаробод. Аёдати ҷавонони маюб аз ҷониби Раиси вилоят - 28.05.2020 15:15
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии Рустам Қӯзибоев дар ноҳияи Зафаробод дидан намуд - 28.05.2020 15:21
Боздиди Раиси вилоят аз ғаллазори хоҷагии “Хоҷимурод-2018” дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 28.05.2020 15:50
Шиносои аз фаъолияти маркази саломатии ҷамоати деҳоти Равшан - 28.05.2020 16:09
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Зафаробод - 28.05.2020 16:28
Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи бузпарварии “Ҷаҳида” дидан намуд - 28.05.2020 20:28

Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар Кохи Рӯдакӣ

( 2 Овоз )

      Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар кохи «Рӯдакӣ»

Видео ::Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар кохи «Рӯдакӣ»
Рӯзи гузашта дар толори хурди Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохурии Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарон сурат гирифт.

Зимни нишаст Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки соли 2012-ум барои кулли тоҷикистониён, алалхусус сокинони вилояти Суғд, фаромӯшнопазир буд.

Зеро дар ин сол бо иштироки Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани нақби «Шаҳристон», таъмиру тармими варзишгоҳи  шаҳри Истаравшан, мавриди истифода қарор гирифтани майдони яхи сунъӣ дар маркази вилоят ва дигар иншоотҳои дорои аҳмияти варзишӣ аз воқеаҳои нодиртарин дар соли 2012-ум маҳсуб мешаванд. Сипас Раиси вилоят дар хусуси вусъати қабули шаҳрвандон дар шаҳру навоҳӣ сухан карда, аз ҷумла гуфт, ки  хушбахтона, мардуми вилоят дар чунин мулоқотҳои рӯ ба рӯ бештар ба масъалаҳои  ҷамъиятӣ, аз ҷумла, сохтан ва ё таъмир кардани варзишгоҳ, майдончаҳои варзишӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. «Маҳз бо хоҳиши аҳолии шаҳр ва супориши Сардори давлат имсол мо ба таъмиру тармим ва барои 20 ҳазор ҷойи нишаст мувофиқ кунонидани варзишгоҳи шахри Исфара оғоз кардем»-таъкид дошт Раиси вилоят Қоҳир Расулзода.

 

      Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар кохи «Рӯдакӣ»Зикр гардид, ки соли 2012-ум 1226 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла 137 нафар бонувон, дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок ва  2562 медалро соҳиб гардиданд, ки аз рушду нумӯи варзиш дар вилоят гувоҳӣ медиҳад.

Қоҳир Расулзода дар бораи ғамхориҳои давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбати варзишгарон сухан ронда, қайд намуд, ки барои иштироки варзишгарон дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналхалқӣ аз тамоми сарчашмаҳо ҳазорҳо  сомонӣ сарф  карда мешавад. Инчунин  тазаккур дода шуд, ки дар панҷ-шаш соли ахир маблағгузории соҳаи варзиш аз ҳисоби буҷети  вилоят 86 маротиба афзуд.

Ҳамчунин Раиси вилоят ба истифода додани майдончаи яхи сунъӣ, сохтмони толори варзишии дорои  3 ҳазор ҷои нишаст дар Хуҷанд ва таъмиру азнавсозии варзишгоҳи шаҳри Исфара, идрорпулии Раиси вилоят барои варзишгаронро далели  таваҷҷӯҳи зиёд ба соҳаи варзиш арзёбӣ кард.

Дар охир Қоҳир Расулзода ба гурӯҳи мураббиён ва варзишгароне, ки  дар рушду нумӯи варзиш саҳми назаррас гузоштаанд, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофотҳои пулиро тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Вохурии Қоҳир Расулзода бо варзишгарон дар Кохи Рӯдакӣ