Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд

Видео ::Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар арафаи фасли баҳор ҳар сол охири моҳи феврал ярмарка-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва тухмии зироатҳо доир карда мешавад, ки он барои ободу зебо гардонидани муҳити атроф иқдоми шоиста ба ҳисоб меравад.

Рӯзи якшанбе, 24-уми феврал дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка–фурӯши ниҳолу гулҳои ороишӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок доштанд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти ярмарка – фурӯши ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда аз наздик шинос шуда, ба бунёдкунандагони он арзи сипос намуд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар ярмарка аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят зиёда аз 850 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла, зардолуҳои беҳтарини шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Fафуров, Конибодом,  Ашт, хурмову гелосҳои Ҷаббор Расулову Спитамен, навъҳои беҳтарини ангур ва себу ноки Fончиву Истаравшан, ниҳолҳои ҳамешасабзи Зафарободу Мастчоҳ пешкаши харидорон карда шуданд.Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар ХуҷандИштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Қоҳир Расулзода дар ярмарка-фурӯши ниҳолу гулҳои баҳорӣ дар Хуҷанд