Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Ифтитоҳи дубораи чойхона дар канори дарёи Сир

( 1 Овоз )

 Ифтитоҳи чойхона дар канори дарёи Сир

Видео ::Ифтитоҳи дубораи  чойхона дар канори дарёи Сир
Дар шаҳри Хуҷанд чойхонаи машҳури «Сирдарё» фаъолияташро аз нав эҳё намуд.  Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода чойхона мавриди истифодаи умум қарор дода  шуд. Ба ин муносибат дар макони ободу музайяни «Сирдарё» маҳфили идона баргузор гардид. Раиси вилоят дар назди ҳозирин, ки бештарашон пирони рӯзгордида ва хирадмандони Хуҷандшаҳр буданд, зикр намуд, ки то ба имрӯз чойхонаи «Сирдарё» қариб аз фаъолият боз монда буд. Вале ҳангоми баргузории рӯзҳои қабули Раиси вилоят дар шаҳри Хуҷанд дар поёни соли 2012 аз ҷониби шаҳрвандон бобати мавҷуд набудани чойхонаи вижаи мӯйсафедон дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат шуда буд.

«Воқеан ҳам ҳоло дар шаҳр аксари чойхонаҳо ба тарабхона табдил ёфтаанд ва муттассифона, анъанаю суннатҳои чойхонадориро  кам – кам фаромӯш карда истодаем. Бахусус, пирони солдидаву рӯзгордида, ки чойхона барояшон як маркази муҳими таҷаммӯъ ва ҷойгоҳи сӯҳбатҳои ҷолиб буд, аз ин гуна раванд дар канор монданд. Бинобар ин чойхонаи «Сирдарё»-ро аз  мувозинаи шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гирифта ба ихтиёри шаҳри Хуҷанд вогузор кардем, то он дари худро ба тамоми шаҳрвандон ва меҳмонони Хуҷанд, қабл аз ҳама ба мӯйсафедону пиронсолон боз намояд»,- гуфт Раиси вилоят.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар сӯҳбат бо ҳозирин инчунин оиди  нақши чойхона ва  пирони рӯзгордида дар тарбияи насли наврас сухан кард.

- Саҳми падарони арҷманд,- илова кард Раиси вилоят Қоҳир Расулзода- дар тарбияи маънавии сокинони диёр назаррас аст ва эшон пайваста бар он мекӯшанд, то дар рушди ҷомеа бо маслиҳату ҳидояти ояндасози хеш ҳиссагузор бошанд.

Раиси вилоят даъват ба амал овард, то ки сатҳи хизматрасонӣ дар чойхона ҳамеша баланд бошад ва боиси хушнудии мизоҷон гардад.

Дар қисми фарҳангии нишаст сарояндагони хушсалиқа ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Даврон Алиматов, ҳофизи хушсадо Абдумавлон Дадобоев ва дигарон бо суруду таронаҳои рӯҳнавозу дилнишин табъи ҷамъомадагонро болида доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи дубораи чойхона дар канори дарёи Сир