Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Табрики Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )
ТАБРИКИ  Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар замони навини давлатдориамон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол инҷониб рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии хурраму осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад».

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолии кишвар сар карда, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом доданд ва дар айни замон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстони асил будани худро собит намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд.

Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доранд ва ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд, Ватанро ҳамчун модари худ дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо, мақомоту сохторҳои ҳарбӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, инчунин тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори бистумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сарбаландию хонаободӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хушбахтӣ ва дар ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллати худ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо  таманно менамоям.

Ид муборак, ҳомиёни  Ватан!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Табрики Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон