Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Маҳалдорӣ масъулият металабад

( 0 Овоз )
Маҳалдорӣ масъулият металабад
Маҳалдорӣ масъулият металабад
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Видео ::Маҳалдорӣ масъулият металабад

Дар қасри фарҳангии «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров мулоқоти Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ашхоси мӯътабари шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, намояндагони Шӯрои худидоракунии маҳаллаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сардорони минтақаҳои истифодаи манзил, сарварони кумитаи биноҳои бисёрошёна ва нозирони минтақавии милиса доир гардид.

Раиси вилоят зимни суханрониаш таъкид намуд, ки дар таҷрибаи давлатдорию мактаби сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва фаъолияти амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи доимӣ бо ҷомеа ҷиҳати баррасии муштараки масъалаҳои умдатарини тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар бо мардум, ҷалби онҳо ба идоракунии давлат сиёсати меҳварӣ ва омили муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад.

Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бо супориши Президенти кишвар тайи се соли охир аз ҷониби Раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ қабули шаҳрвандон роҳандозӣ шуда, бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ мулоқотқо доир шуданд.  Таъкид гардид, ки дар ин муддат барои ҳалли масъалаҳое, ки мардум ҳангоми мулоқоту вохӯриҳо ва қабули шаҳрвандон пешниҳод кардаанд, аз тамоми сарчашмаҳо бештар аз 92 миллион сомонӣ масраф шуд ва аксари масъалаҳои ба миён гузошташуда ҳалли мусбати худро ёфтанд.

«Соли равон марҳилаи нави мулоқоти Раиси вилоят бо шаҳрвандон маҳз бо мулоқоти имрӯза оғоз меёбад, ният дорем, соли равон бо мардуми ҷамоатҳои бонуфустарини вилоят рӯ ба рӯ мулоқот ороем» - гуфт Қоҳир Расулзода.

Раиси вилоят дар бораи аҳамияти маҳалладорӣ ҳамчун мақоми аввалияи сохтори идоракунии давлат ва мақоми худидораи ҷамъиятӣ сухан ронда аз ҷумла  фаъолияти як қатор кумитаи маҳаллаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Fафуров ва Ҷаббор Расуловро мавриди таҳлил қарор дод.

«Дар қаламрави вилоят 1530 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият дорад ва мо имрӯз тақрибан бист фисади раисони ин кумитаҳоро дар ин толор ҷамъ овардем. Институти маҳалла дар сарзамини тоҷикон аз давраҳои қадим вуҷуд дошт. Вай ниҳоди иҷтимоии таърихан ташаккулёфта буда, бо ташаббуси худи мардум созмон дода мешавад. Он дар радифи мероси бисёр гаронбаҳои ниёгонамон қарор дошта, моҳиятан ягонагии маъмуриву ҳудудии кишварамонро ифода мекунад. Дар доираи маҳалла халқиятҳои гуногун дар ҳамбастагиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ умр ба сар мебаранд.   Маҳалла қисми муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа чун рукни нахустини системаи идоракунӣ эътироф гаштааст - таъкид дошт Раиси вилоят.

Қоҳир Расулзода раисони шаҳру навоҳиро муваззаф кард, то барои бо музди меҳнат таъмин кардани раисони кумитаи маҳаллаҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Раиси вилоят хизматҳои арзандаи Шӯрои маҳаллаҳоро дар нигоҳдории муҳити солими зист, ташаккули фазои маънавии маҳал, таҳкими оила ва оиладорӣ, тарбияи насли наврас, пешгирии ҷинояткорӣ, ташкил ва гузаронидани маъракаҳои тӯю маросими азодорӣ, ғамхорӣ нисбати эҳтиёҷмандон, беморон ашхоси бесаробон хоса таъкид намуд. Ҳамзамон ба масъулияти калонсолон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо дар ҳалли муаммову мушкилиҳои мавҷуда аз қабили вазъи ногувори даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифта нашудани мактабиён, хусусан, духтарон, коҳиш наёфтани ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон, ҷинояткории ҷавонону наврасон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.

Дар мулоқот иддае аз иштирокдорон, инчунин сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии  кишвар дар вилояти Суғд, генерал-майор Шариф Назаров ва прокурори вилоят Шариф Қурбонов изҳори назар карданд.

Бо қарори Раиси вилоят як идда кумитаҳои маҳаллаҳои пешқадам бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маҳалдорӣ масъулият металабад