Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд - 01.07.2020 10:16
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд - 01.07.2020 10:19
Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд - 01.07.2020 10:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд - 02.07.2020 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд - 02.07.2020 07:57
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд - 02.07.2020 07:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд - 02.07.2020 08:52

Мулоқоти Раиси вилоят бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри ХуҷандРӯзи ҷумъа, 1 феврал, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Мейрамгалӣ Оринбасаровро ба ҳузур пазируфт. Дипломати қазоқ дар мулоқот иттилоъ дод, ки консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд аз оғози соли равон расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Раиси вилояти Суғд боз шудани  консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷандро ҳодисаи муҳим дар инкишофи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои судбахши байниминтақавии Тоҷикистону Қазоқистон ном бурд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои самараноки байниминтақавӣ, аз ҷумла миёни вилояти

Суғд ва минтақаҳои мухталифи кишвари Қазоқистон баррасӣ шуд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тайи солҳои охир ин ҳамкорӣ  вусъати тоза гирифтааст.Ҳамзамон ҷонибҳо  таъкид намуданд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории барои  ҳарду ҷониб муфид ҳанӯз зиёд аст. Дар мулоқот рушди бештар ва тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла иштироки сармояҳои ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии муштарак, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандии тарафҳо таъкид гардид.

Хотиррасон мекунем, ки Ҷумҳурии Қазоқистон сеюмин кишварест, ки намояндагии худро дар дуюмин калонтарин шаҳри Тоҷикистон – Хуҷанд таъсис додааст. Қаблан Федератсияи Русия консулгарӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагии худро дар шаҳри соҳили Сирдарё ташкил карда буданд.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд