Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Вохӯрии Раиси вилоят бо хатмкунандагон

( 1 Овоз )

Видео :: Вохӯрии Раиси вилоят бо хатмкунандагон

Имрӯз дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии Раиси вилоят  Қоҳир Расулзода бо хатмкунандагони курси омӯзишии «Сиёсатмадорони ҷавон» баргузор гардид.

Зимни мулоқот Раиси вилояти Суғд  аз саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, зарурати мутахассисони соҳибмалака, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб сухан гуфт.
Курсҳои омӯзишии «Сиёсатмадорони ҷавон»-ро бори аввал 42 нафар хатм намуданд, агарчи аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 100 нафар пешниҳод гардида буданд.

Таҳсил дар курсҳои омӯзишии «Сиёсатмадорони ҷавон»  таҳти сарпарастии Раиси вилоят Қоҳир Расулзода тибқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тарҳрезӣ шуда,  дар раванди такмили донишу малакаи ҷавонон нақши муносиб дорад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба хатмкунандагони курси омӯзишии «Сиёсатмадорони ҷавон» шаҳодатномаҳо супорида, дар кору фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Вохӯрии Раиси вилоят бо хатмкунандагон