Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00

Табрикоти Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

( 1 Овоз )

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҷиҳати  ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта аз ҷониби сохторҳои дахлдор аҳамияти махсус дода мешавад.

Бо иқдоми нек ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, соли равон санаи 25 январ бори нахуст ҳамчун  Рӯзи иди кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад, ки ин нишони шинохт ва арҷгузорӣ ба фаъолияти кормандони соҳа аст.

Кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро ба иҷрои кори хайр - хизмат ва дастгирии пирону маъюбон бахшидаанд. Ҳар коре, ки аз ҷониби кормандони соҳа амалӣ мегардад, пирону маъюбон ба он ниёз дошта, бо эҳсоси баланд ба кӯмаку ғамхорӣ даст ба дуо бардошта, тани сиҳату хонаи ободи мову шуморо таманно мекунанд. Чӣ хеле, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр кардаанд: «Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошад. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо то тавонем ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кӯмаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ омӯзем».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба хотири  фароҳам овардани шароит ба маъюбону эҳтиёҷмандон ва дастгирии моддиву маънавии онҳо пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Мо таъмини ниёзҳои иҷтимоии ин табақаи аҳолиро ҳамеша мавриди назар ва иҷро қарор дода, дар оянда низ азми он дорем, ки доимо онҳоро мавриди ғамхорию дастгирӣ қарор диҳем.  
Кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоиро бори дигар табрик намуда, барояшон пешравии кор ва рӯзгори босаодат таманно дорам.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Табрикоти Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ