Хабарҳо
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45

Зафаробод. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ собиқадорони меҳнатро аёдат кард

( 0 Овоз )

14 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ду нафар​ собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои модии худро расонд.

Раиси вилоят нахуст ба манзили​ Гайнанова Алфия ташриф овард. Ин бонуи собиқадор​ соли 1973 Донишкадаи иррегатсионии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси ​ муҳандис-барқчӣ хатм намуда,​ то соли ​ 2012 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи обтаъминкунӣ дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия фаъолият бурдааст.​ Дар ҷараёни фаъолияташ якчанд кадрҳои лаёқатмандро тарбия намудааст, ки имрўз дар соҳаҳои гунонуни хоҷагии халқ фаъолият мебаранд. Меҳнатҳои Гайнанова Алфия бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ қадрдонӣ карда шудааст. ​

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин аз ҳоли​ Тағоев Абдуҳамид хабар гирифт.​ Тағоев Абдуҳамид​ 10 январи соли 1955 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ, дар оилаи коргар таваллуд шуда,​ соли 1972 Институти омузгории ба номи С.М.Кировро (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) бо ихтисоси ​ филолог ва соли 1992 Институти радиотехникии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси элекрорадио-техник хатм намудааст. Аз​ соли ​ 1993 ​ то соли ​ 2018 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи обтаъминкунӣ дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия фаъолият бурдааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Зафаробод. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ собиқадорони меҳнатро аёдат кард