Хабарҳо
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45

Шиносоии Раиси вилоят​ бо сохтмони иншооти нав дар ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич аз ҶДММ “Спитамен” боздид карда, ҷараёни бунёди сехи нави истеҳсолии корхонаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.​

ҶДММ “Спитамен” бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои дар ноҳия фаъолияткунанда бо масолеҳи сохтмонии оҳаксанг таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсолии он 5400 тонна мебошад. Корхона бо назардошти талабот мавсимӣ – аз моҳи март то моҳи декабр фаъолият мебарад ва дар он 27 нафар кор мекунанд.

Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки сехи нави истеҳсолиро бунёд карда, доираи фаъолиятро васеъ ва ҷойҳои кориро афзун намояд. Ба роҳбари вилоят лоиҳаи сехи нав муаррифӣ карда шуд ва Раиси вилоят тавсияҳои худро пешниҳод кард.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Деваштич ошно шуд. Бинои нави таълимӣ ​ аз 4 ошёна иборат буда, барои 620 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳия бунёд шуда истодааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 8 апрели соли 2019 оғоз гардида, то имрӯз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят​ бо сохтмони иншооти нав дар ноҳияи Деваштич