Хабарҳо
Дар Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ доир шуд - 23.10.2021 13:40
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон - 22.10.2021 14:17
Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд - 21.10.2021 14:52
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” - 21.10.2021 14:51
Имзои беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия - 21.10.2021 13:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков - 20.10.2021 13:57
Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" - 20.10.2021 14:06
STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan - 20.10.2021 13:58
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маҷмааҳои бузурги хизматрасонӣ дар Истаравшан

( 0 Овоз )

12 октябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва иштирок дар маросими ифтитоҳи иншоот ба шаҳри Истаравшан сафар кард.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар маркази шаҳр рафти корҳои ободониву созандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, бо дастгирии давлату Ҳукумат ва ташаббуси соҳибкорони шаҳри бостонии Истаравшан бунёди иншооти таъиноташ гуногун ҷараён дошта, бо қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи замонавӣ шаҳри куҳан ободу зебо гардида истодааст.

Яке аз чунин иншооти калон маҷмааи бисёрфунксионалии “Шоҳроҳи абрешим” аст, ки аз тарафи ҶДММ “Мабдаи нур” сохта мешавад. Арзиши лоиҳавии иншоот 60 миллион сомонӣ буда, лоиҳаи он аз ҷониби ширкати “Архиком К”-и шаҳри Душанбе ва мутахассисон аз Ҷумҳурии Қазоқистон омода гардидааст. Масоҳати зери сохтмон 4800 метри мураббаъ буда, дар таҳхонаи маҷмаа таваққуфгоҳ барои 150 нақлиёт ва анбор барои нигаҳдории маҳсулот ташкил карда хоҳад шуд.

Дар ошёнаи якум гипермаркети бузург, ки дар як вақт ба 500 нафар хизмат мерасонад, бунёд шуда, дар ошёнаи дуюм қаҳвахона, ошхона, кинотеатр, нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда мешавад. Дар ошёнаи сеюм маркази варзишӣ-солимгардонӣ барои 100 нафар дар як вақт, ҳавзи шиноварӣ ба андозаи 25Х12 метр ва дигар нуқтаҳо ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Аз ошёнаи 4 то ошёнаи 17 хонаҳои истиқоматӣ буда, тибқи стандартҳои муосир бунёду ба истифода дода хоҳад шуд. Дар гирду атрофи маҷмаа майдонча барои бозии кӯдакон, ҷойҳои сайру гашт, фаввораву нишастгоҳҳо сохта шуда, айни замон 70 нафар мутахассисон ба корҳои сохтмонӣ машғул ҳастанд.

Тибқи нақша сохтмон то ошёнаи 12 ба итмом расида, дар ошёнаҳои боқимонда корҳо ҷараён дорад.

Раиси вилоят ташкили чун маҷмааҳои замонавиро барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои маишӣ ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои бо сифати баланд иҷро намудани корҳо тавсияҳо дод.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони маҷмааи фарҳангию хизматрасонии «Зуфархон Ҷавҳарӣ» ошно шуд. Ин маҷмаа аз 16 ошёна иборат буда,  дар маркази шаҳри Истаравшан, хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.

Иншооти мазкур дар майдони 2000 м2 бунёд шуда, дар таҳхонаи он истгоҳи нақлиётӣ ва дар ошёнаҳои 1,2,3 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ташкил мегардад.

Дар саҳни маҷмаа муҷасамаи «Зуфархон Ҷавҳарӣ» гузошта шуда, дар назар аст, ки иншоот соли 2023 ба истифода дода шавад. Арзиши лоиҳавии иншоот 10 миллион сомониро ташкил медиҳад ва сохтмони он нав оғоз гардида, зиёда аз 30 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони меҳмонхона ва маркази хизматрасонии “Истаравшан плаза” шинос гардида, таъкид кард, ки дар вақти сохтмон аз маҳсулоти баландсифат истифода бурда, иншоотро дар муҳлатҳои пешбинишуда омода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маҷмааҳои бузурги хизматрасонӣ дар Истаравшан