Хабарҳо
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд - 15.10.2021 09:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот намуданд - 15.10.2021 09:25

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон Николай Никулинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва сармоягузорӣ ба бахшҳои мухталиф мубодилаи афкор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат қайд кард,  ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегӣ эълон гардида, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Айни замон дар вилояти Суғд беш аз 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст.

Таъкид гардид, ки дар вилоят захираву имкониятҳо барои рушди бештари иқтисодиёт фаровон буда, ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият дода мешавад.

Николай Никулин иброз дошт, ки ҳини сафар ба вилояти Суғд аз як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид кардааст ва воқеан дар минтақа барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак имконоти истифоданашуда зиёд аст.

Ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳоро баррасӣ ва барои ҷалби сармоя ба соҳаи саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву меваҷот, коркарди чарм табодули назар карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон