Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Карон пласт»-ро дар ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 27.09.2021 17:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ҶДММ «Меваҳои Бадахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд - 27.09.2021 17:54
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти ҶДММ «Таҷ-эт» оғоз бахшиданд - 27.09.2021 17:52
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд - 27.09.2021 17:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чинро аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони роҳи Дарвоз-дарвозаи Рӯшон санги асос гузоштанд - 27.09.2021 17:45
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» гузаронида мешавад - 27.09.2021 14:17
Тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - 27.09.2021 14:16
Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Хуҷанд ба пахтакорони ноҳияи Спитамен кӯмак расониданд - 27.09.2021 14:14
Далер Аббосзода сардухтури Беморхонаи марказии Истаравшан таъин шуд - 27.09.2021 14:11
Дар Суғд то имрӯз 40 ҳазору 504 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид - 27.09.2021 11:34

Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб маҷлиси тантанавӣ доир шуд.

Дар чорабинии идона муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид,  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилояти Суғдро табрик гуфта, қайд кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон мешиносанд. Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дастовардҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар тӯли ин солҳо ба шарофати сиёсати оқилона ва бохирадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилоятро табрик карда, қайд намуд,  ки сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати сӣ соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Ба тасвиб расидани силсилаи фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамари парлумони касбӣ ва қабули қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа, сафарҳои Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳо, супориш, дастуру ҳидоятҳои он кас ва андешидани тадбирҳои судманду саривақтӣ аз тарафи роҳбарияти вилоят барои амалисозии ҳадафҳои давлату Ҳукумат заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистони тозаистиқлол тавонист, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ баҳри таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб мераванд, тавассути сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, пойгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингард, корхонаҳои саноатӣ ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатии хешро таҳким бахшад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз дастовардҳои вилояти Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид,  ки

Дар тӯли 30 соли Истиқлол, аз ҷумла мардуми вилояти Суғд бо дастовардҳои куллӣ муваффақ гардиданд ва вилоят симою тарҳи тозаеро дар зиндагиву фаъолият ва истеҳсолоту иқтисодиёт ба худ гирифт. Чунончӣ, баҳри пешбурди соҳаи иқтисодиёти вилоят корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Шумораи корхонаҳои саноатӣ, таъмиру сохтмон, аз ҷумла, хусусӣ зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд, ки ин бевосита ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбӣ расониданд.

Дар зарфи 30 - соли Истиқлол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ зиёд гардида, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ дар истеҳсолот таъсис дода, истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ карда шуданд.

Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кулли дохила аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, дар давраи истиқлолият нишондиҳандаҳои  иқтисодӣ, хусусан баъди соли 1997 тамоюли рушдро гирифт.

Аз солҳои аввали истиқлоли ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини устувории макроиқтисодӣ масъалаҳои таъмини пойдории асъори миллӣ, боздоштани беқурбшавии он, тадриҷан паст кардани таваррум,  тақвияти бозори истеъмолӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, таҷдиди сохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, такмили соҳаи буҷети давлатӣ, самаранок намудани фаъолияти мақомоти андозу молия ва бо ин роҳ тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзалияти асосӣ дониста шуда, барои татбиқи ин ҳадафҳо дар вилоят тӯли солҳои 1991-2020 тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон