Хабарҳо
Дар Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ доир шуд - 23.10.2021 13:40
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон - 22.10.2021 14:17
Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд - 21.10.2021 14:52
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” - 21.10.2021 14:51
Имзои беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия - 21.10.2021 13:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков - 20.10.2021 13:57
Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" - 20.10.2021 14:06
STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan - 20.10.2021 13:58
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди бунёд ва фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр шинос гардид.

Нахуст дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр бо фаъолияти корхонаи  «Хуҷандагро» ошноӣ пайдо карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи  «Хуҷандагро»  барои хушксозии пиёз аз Аврупо таҷҳизоти навтаринро ворид месозанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намоянд. Айни замон дар корхона дар як шабонарӯз 20 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ коркард мегардад.

Алҳол дар «Хуҷандагро» 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуда, истеҳсолот бо истифода аз таҷҳизоти истеҳсоли Россия, Чин ва Украина ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони бурунмарзӣ бунёд гардида, ба коркарди меваю сабзавот машғул аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз корхонаи мазкур бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии мамлакат таъкид кард, ки роҳбарияти корхона бояд барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд. Инчунин захираи зарурии ашёи хом зарур шуморида шуда, пешниҳод гардид, ки бо назардошти зиёд будани талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда кор дар ду баст ба роҳ монда шавад.

Дар минтақаи шимолу шарқии саноатии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равғани омехтаи ҶДММ “Субҳи заррин”, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли равғани омехтаи ҶДММ “Субҳи заррин” ба истеҳсоли навъҳои гуногуни равғани зард ва маргарин машғул буда, маҳсулоти хоми коргоҳҳои ширии дохилиро коркард менамояд. 5 навъи маҳсулоти тайёри корхонаи мазкур алҳол ба бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Иқтидори шабонарўзии корхона то 1600 кило маҳсулоти тайёрро ташкил медиҳад.

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов ба истеҳсоли 7 намуд нони хушки реза машғул буда, беш аз 30 нафар фаъолияти пурсамар доранд. Дар корхона бо иқтидори мавҷуда нон тайёр шуда, сипас онро бо технологияи махсус хушк карда, маҳсулоти нони хушки реза тайёр менамоянд, ки маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ мешавад. Дар як шабонарўз беш аз 800 кило маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят