Хабарҳо
вилояти Суғд - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:56
ВМКБ - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:51
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1” - 03.04.2020 14:19
КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ! - 03.04.2020 13:38
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид - 03.04.2020 13:35
Суғд: Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд - 03.04.2020 11:21
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Атласи Хуҷанд” - 03.04.2020 10:24
Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт) - 02.04.2020 17:13
Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ) - 02.04.2020 17:11
Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад - 02.04.2020 16:37

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

24 март дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Афранг пласт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи нав ба истеҳсоли профил аз поливинхлорид машғул буда, маҳсулотро барои омодасозии дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар таҷҳизот тайёр менамояд. Ба иттилои масъулин,  дар як сол “Афранг пласт” имконият дорад, ки 1200 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.  Бояд қайд кард, ки феълан аз хориҷи кишвар ҳамасола ба мамлакат аз 6 то 7 ҳазор тонна  профили  пластикӣ ворид мегардад ва ифтитоҳи ин  коргоҳ  метавонад ба коҳишёбии воридот мусоидат кунад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки  то 35 фоизи маҳсулоти ниҳоии коргоҳи мазкур барои содирот ба хориҷи кишвар пешбинӣ гардида,  боқимондаи он ба бозорҳои дохилӣ барои қонеъсозии эҳтиёҷоти худӣ бароварда мешавад.

Қобил ба тазаккур аст, ки корхона дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Олимӣ Тоҳир Олим дар якҷоягӣ бо шарикон аз Ҷумҳурии Туркия бунёд гардида, айни ҳол дар он 28 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд.  Ба иттилои масъулин, дар оянда шумораи  кормандони он то 60 нафар расонида мешавад.

Корхонаи навтаъсис бо ашёи хоми Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия фаъолият намуда, хатҳои истеҳсолӣ, ки аз Ҷумҳурии Туркия дастрас гардидаанду насли нави таҷҳизоти корӣ ба ҳисоб мераванд, сифати баланди маҳсулотро таъмин месозад. Дар маҷмӯъ иншоот дар масоҳати 1468 метри мураббаъ бунёд ёфта, кормандони он пас аз омӯзиши нозукиҳои касб, ба фаъолият шурӯъ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона аз наздик шинос шуда, ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад бо маҳсулоти воридотӣ рақобат намуда, харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ пайдо намояд.

Соҳибкорон дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар доираи чунин таваҷҷуҳ минбаъд фаъолияти худро барои рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши бештар хоҳанд дод. Ҳамчунин соҳибкор тасмим гирифт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, то ҷашни Наврӯзи соли оянда боғчаи бачагонаро  бо 200 ҷой барои кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат бо назардошти тамоми шароит  сохта ба истифода диҳад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд