Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз Федератсияи Русияро бо роҳбариии директори генералии ширкати «Тарнсойл-терминал» Леонид Лейзерман ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки таҳти сарварии роҳбарони ду кишвари бо ҳам дўсту бародар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин равобити судманди дуҷониба пойдор буда, ҳамкориҳо сол аз сол тақвият ёфта истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки дар вилояти Суғд, ки минтақаи бузурги иқтисодӣ аст, асосан маҳсулоти аграрию саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишвар дар вилоят бобати ҷалби инвеститсияҳои дохилию хориҷӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, барои ҷалби сармоягузорон тибқи қонунгузорӣ имтиёзҳои зиёди андозию тарифӣ ​ пешбинӣ карда шудаанд.

Раиси вилоят бо ироаи маълумоти зарурӣ оид ба вазъи иқтисодии вилоят таваҷҷуҳи меҳмононро ба бунёди корхонаҳои коркади меваву​ консервабарорӣ​ ҷалб намуда, қайд кард, ки соҳибкорони рус метавонанд дар якҷоягӣ бо шарикони тоҷики худ дар самти коркарди мева, сабзавот ва пахта лоиҳаҳои судмандро амалӣ намоянд. ​

Директори генералии ширкати «Тарнсойл-терминал» Леонид Лейзерман ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо даъвати ҳамтоёни тоҷики худ ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, изҳор доштанд, ки бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардаву аз ин сафар хеле хушҳол мебошанд.

Меҳмонон ҳавасмандии худро ҷиҳати бунёди корхонаи равғанбарорӣ, маркази логистикӣ, ташкили боғҳои нав, корхонаи коркарди зардолу ва дастрассозии тухмиҳои нави зироатҳо баён доштанд.

Дар фарҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки пас аз омӯзиши пурраи зарфиятҳои вилояти Суғд соҳибкорони русу тоҷик ​ тарҳҳои муштаракро амалӣ хоҳанд кард .

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия