Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

( 0 Овоз )

Имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳисоботи муовини вазир-сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия Мансурҷон Умаров оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷроиши Қонуни зикргардида дар Сарраёсат асосан таъмин карда шуда, он нисбати зиёда аз даҳ ҳазор нафар маҳкумшудагон аллакай татбиқ гардид. Аз ҷумла, зиёда аз шаш ҳазор нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо менамуданд, аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ҷиҳати сари вақт таъмин намудани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он, дастурҳо доданд.

Дар ҷаласа, инчунин, масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод», ки 6 ноябри соли 2019 ба амал омада буд ва чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ муҳокима гардиданд. Доир ба ин масъалаҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳисобот доданд.

Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид