Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин ва роҳбарияти ширкати “Хуаксин” мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба тавсеаи равобити гуногунҷанба, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози мулоқот таъкид кард, ки имрўзҳо таҳти сарварии роҳбарони ду кишвари бо ҳам дўсту бародар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин равобити судманди дуҷониба дар марҳилаи рушду тараққиёт қарор дорад.

Ҳоло миёни Тоҷикистону Чин қариб 180 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва беш аз 70 ширкати бонуфузи ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд.

Дар аснои мулоқот зикр карда шуд, ки вилояти Суғд минтақаи бузурги иқтисодӣ аст ва асосан маҳсулоти аграрию саноатӣ истеҳсол мекунад. Дар вилоят барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад ва шароити зарурӣ барои ҷалби инвеститсияҳои дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, диверсификатсияи соҳаи саноат, воридсозии технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ муҳайё карда шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки дар раванди омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноати вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 9 000 ҷои корӣ ба нақша гирифта шуда, дар натиҷаи мавҷуд будани фазои мусоиди сармоягузорӣ давоми соли гузашта 93 ва дар 10 моҳи соли равон 86 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуданд.

Раиси вилоят зимни муаррифии имконоти вилоят афзуд, ки вилояти Суғд метавонад бо доираҳои соҳибкории вилояти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан то маҳсулоти ниҳоӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, бунёди корхонаҳо барои коркарди пурраи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти химияи маишӣ, мошинсозӣ, коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карда, барои тақвияти робитаҳо ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд мубодилаи афкор намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ташрифи меҳмонон аз вилояти Хубей ба вилояти Суғд ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин