Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд - 01.07.2020 10:16
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд - 01.07.2020 10:19
Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд - 01.07.2020 10:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд - 02.07.2020 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд - 02.07.2020 07:57
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд - 02.07.2020 07:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд - 02.07.2020 08:52

Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Имрӯз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд конфересияи 13-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори конференсия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода иштирок карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки таърихи фаъолияти чорякасраи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки ниҳоди мазкур дар айёми душвори таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун неруи ормонҳои халқи тоҷик таъсис ёфта, барои расидан ба ҳадафҳои бузург ба майдони cиёсат ворид  гардид. Аз ибтидои фаъолияти ҳизб татбиқи пайгиронаи дастуру раҳнамоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби намояндагони касбу кори мухталиф афзуда, муҳимтарин ҳадафҳои сиёсии ҳизб мавриди амал қарор гиранд ва  он дар ҷомеа мақоми сазоворро соҳиб гардад.

Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамчун пешоҳанги тарғиби дастовардҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва  сиёсати пешгирифтаи роҳбари ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ба дастовардҳои  шоён муваффақ шуда истодааст.

Ҳоло дар қаламрави вилоят зиёда аз 144 ҳазор нафар аъзои ҳизб ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар 1320 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид  гардиданд. Наздик  55 ҳазор нафари аъзои ҳизбро намояндагони касбу кори гуногуни дорои маълумоти олӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи умумӣ  наздик 79 ҳазор нафарашон занон ва 57 ҳазор нафар ҷавонон мебошанд.

Дар паҳлӯи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  фаъол гардидани Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” далели он аст, ки имрӯз ҷавонони ватандӯсти вилоят, новобаста аз ҳар гуна таъсиру нуфузи андешаҳои номатлуб, бо ибтикор ва иқдомҳои наҷиби хеш сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пурра гардонида, ташаббусҳои ҳизби хешро  ҷонибдорӣ мекунанд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар маҷлиси Кумиҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 27-уми сентябри соли равон баргузор гардид,  дар назди  ҳамаи аъзои ҳизб вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, натанҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиро бо масъулияти баланд иҷро намоянд”.

Барои амалӣ гардидани ин ҳадафу барномаҳои наҷиби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ зарурати он пеш меояд, ки ҳар як нафар аъзои ҳизб  ташаббускорӣ, эҷодкорӣ ва иқдомҳои шоён нишон диҳад, - иброз дошт Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, тақвияти кор дар созмонҳои ҳизбӣ, муборизаи беамони ғоявӣ бо терроризм ва экстремизм, дигаргун намудани сатҳ ва усули кор маслиҳатҳои муфид дод ва илова кард, ки танҳо дар муттаҳидиву сарҷамъӣ метавон мушкилиҳоро паси сар карда, ба зиндагии шоиставу арзандатар даст ёфт.

Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар суханронияш гуфт, аъзои ҲХДТ будан ифтихор ва ҳам масъулият аст. Вай аз ташаббусу иқдомҳои Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирасон шуда, аз ташаббусҳои кумитаи иҷроияи вилоят дар мавриди ташкилу ба роҳ мондани семинару ҳамоишҳои сатҳи баланд истиқбол кард.

Тибқи рӯзномаи конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар давраи аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 ҳисобот дод.

Сипас, аъзои Комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси ноҳияи Зафаробод Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ аз фаъолияти ин комиссия гузориш дод ва дар қисмати музокиравӣ Азиззода Ғайрат, раиси ноҳияи Мастчоҳ, вакил аз ҳамин ноҳия, вакилони дигар Сайёра Акбархӯҷаева, Шарифзода Муллоғиёс ва Ҳусейн Зайтметов самтҳои гуногуни фаъолияти кумиҷроияи вилоятро натиҷагирӣ карданд.

Дар Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳайатҳои нави  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва комиссияи тафтишотиро интихоб карданд. Ҳамзамон, интихоби вакилон ба Анҷумани ҶIII ҲХДТ сурат гирифт.

Мувофиқи рӯзномаи дигари конференсия сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” интихоб карда шуд. Ба ин вазифа вакилон сармуҳаррири ҳозира, Бобоҷон Қурбоновро интихоб намуданд.

Ба истиқболи 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ якчанд нафар фаъолони ҳизб, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти босамар нишон додаанд, бо сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва КИВ ҲХДТ қадршиносӣ гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд